БОЗДОШТИ ЗАНИ ФОЛБИН ДАР ДЕҲАИ ХОКАКИИ ШАҲРИТӮС

Баъзе аз нафарон худро фолбину мушкилкушо муаррифӣ намуда, мардумфиребиро барои худ як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд. Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Исимова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи деҳаи Хокакии ҷамоати деҳоти Х.Холматови ҳамин ноҳия дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст. Исимова Гулбаҳор ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшад. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Исимова Гулбаҳор барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Офоқ Қодириён, полковники милитсия КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Моддаи 482. Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ 1. Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. 2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Иконка канала ultraKing
4 подписчика
12+
1 просмотр
10 дней назад

, чтобы оставлять комментарии