Киҳо беҳтаринҳо дар соҳаи алоқа ва интернет дониста шуданд?

Дар Душанбе «Telecom Awards Tajikistan — 2025» анҷом ёфт. Маросими қадрдонии беҳтарин ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳо бори аввал баргузор шуд. Шоҳҷоизаро ду ширкат соҳиб шуданд: “Tcell” ҳамчун беҳтарин ироадиҳандаи алоқаи мобилӣ ва “Babilon-T” ҳамчун беҳтарин таҳвилдиҳандаи интернети ноқилӣ дар соли 2025. Ҳамчунин, интернети мобилии “Babilon-M” ва интернети ноқилии “Babilon-T” беҳтарин эътироф шуда, соҳиби ҷоизаҳои бахши “Сареътарин ширкати алоқаи мобилӣ” ва “Сареътарин шабакаи ноқилӣ” низ шуд. Бояд гуфт, “Babilon” ҳамагӣ 6 ҷоиза дарёфт кард, ки аз ҷиҳати шумори онҳо дар ҷои аввал ва “Tcell” бо 3 ҷоиза дар мақоми дуввум қарор гирифтанд. Ғолибони 12 бахш ба таври зайланд: “Пешрафти сол” - “Tcell” “Интихоб ва эътирофи муштариён” (миёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ) - “Babilon-M” “Интихоб ва эътирофи муштариён” (миёни ироадиҳандагони интернети ноқилӣ) - “Babilon-Т” “Беҳтарин хидматрасонӣ ба муштариён” - “Tcell” “Беҳтарин роҳкори созмонӣ (қарори корпоративӣ)-и сол” - “МегаФон Тоҷикистон” “Беҳтарин ширкат дар самти масъулияти иҷтимоӣ” - “Nets” “Беҳтарин қарори инноватсионии соҳа” - “Тоҷиктелеком” “Беҳтарин таносуби нарх ва сифат” - “Babilon-M” “Саҳмгузорӣ дар рушди соҳа” - “Тоҷиктелеком” “Беҳтарини хидматрасонии рақамии сол” - “МегаФон Тоҷикистон” “Беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и зудрушдёбанда” - “Tcell” “Беҳтарин лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа” - “Тоҷиктелеком”. Дар ин маросим на танҳо ироадиҳандагони мобилӣ ва тавҳилдиҳандагони интернетӣ, балки чанд ниҳоду ширкат барои саҳм дар табдили рақамии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» барои саҳмаш дар инъикоси иттилоотии соҳа, инъикоси воқеъбинонаи ислоҳоти рақамӣ ва тарғиби симои технологии Тоҷикистон беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ эътироф ва соҳиби ҷоиза шуд. Ҳамчунин барои саҳм дар табдили рақамии Тоҷикистон ин ниҳодҳо қадрдонӣ шуданд: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ: Барои гузоштани пойдевори экосистемаи рақамии кишвар ва роҳбарии стратегии раванди трансформатсияи рақамӣ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Барои таъмини рақобати солим дар бозори телекоммуникатсия ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон. КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city): Барои татбиқи бомуваффақияти технологияҳои Smart City ва таъсиси муҳити инноватсионии шаҳрӣ. Маросими супоридани ҷоизаҳои бахши мухобиротии Тоҷикистон танҳо маросими ҷоизасупорӣ набуд, балки ба як майдони муаррифии ғояҳои нав, навоварона ва имконоти ояндаи рақамии кишвар гардид. Ташкилкунандаҳои он бар ин назаранд, ки баргузории чунин иқдомҳо, барои рушди ҳамкорӣ, ҷалби фанновариҳои нав ва пешрафти инфрасохтори рақамии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #точикистон #asiaplus

12+
3 часа назад

, чтобы оставлять комментарии