Намозгузории аввал пас аз 10 моҳи басташавии масҷидҳо

Имрӯз дарҳои масоҷид дар Тоҷикистон дубора боз шуданд. Пас аз қариб 10 моҳ. “Хеле хушҳол ҳастем, ки дарҳои масоҷид имрӯз ба мо дубора боз шуд. Ва мо кӯшиш мекунем, то талаботро роия кунем”, - гуфт сокини Душанбе Абдуманнон Ёров, ки ба намози дастаҷамъонаи зӯҳр ба масҷиди марказии пойтахт омада буд. “Хеле интизор будем, душвор аст изҳори эҳсосот кардан. Худо ҳаргиз беморие ба мо наояд. Хоҳонем, ки доимо дарҳои масоҷид кушода бошанд”, - мегӯяд сокини дигари пойтахт Саидҷон Сатторов. Намозгузоронро ин ҷо муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода пешдароӣ кард. Пас аз мушоҳида, масъулин изҳор доштанд, аз интизоми намозгузорон қаноатманд ҳастанд. “Боиси хушнадии мо, намояндагони мақомоти ваколатдор аст, ки аксари тавсияҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдор ва ходимони дин пешниҳодшуда дар намози имрӯза риоя мешуданд, - гуфт ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Афшин Муқим. - Намозгузорон бо ниқобҳои тиббӣ омаданд, аксари онҳо бо худ ҷойнамозҳои шахсӣ овардаанд, ва низом дар қисмати таҳоратхона хуб ба назар мерасид: пештар тавсия буд, ки хуб мешуд, агар намозгузорон дар хона таҳорат карда меомаданд”. Қаблан мақомот гуфта буданд, агар талабот пурра риоя нашавад, эҳтимол дорад дарҳои масоҷид дубора баста шаванд. Масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно аввали моҳи марти соли 2020 баста буданд. Як муддате дарҳои масоҷид боз шуданд, вале охирҳои моҳи апрел дубора онҳоро бастанд. Ва ҳамин тавр қариб 10 моҳ диндорон наметавонистанд намозгузории дастаҷамъона кунанд. Ахиран - ҳам вазири тандурустӣ ва ҳам раисиҷумҳур Тоҷикистонро озод аз вируси корона эълон карданд. Тули як моҳ мавридҳои сироятёбӣ ба коронавирус дигар сабти ном нашудааст. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://www.facebook.com/newstj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #намаз #таджикистан #asiaplus

12+
5 часов назад

, чтобы оставлять комментарии